Январ 23, 2021 22:35 Asia/Dushanbe
  • Трамп нахустин бор пас аз поёни давраи раёсатҷумҳуриаш гуфт, барои оянда барномаҳое дорад
    Трамп нахустин бор пас аз поёни давраи раёсатҷумҳуриаш гуфт, барои оянда барномаҳое дорад

Раисиҷумҳури собиқи Амрико сукӯти ду рӯзаи худ аз замони канор рафтан аз қудратро шикаст ва бидуни ишора ба ҷузиёти барномаи ояндааш гуфт, вақташ бирасад коре хоҳад кард.

Ба гузориши Спутник, Доналд Трамп нахустин бор баъд аз поёни раёсатҷумҳурӣ ва тарки Вашингтон сукӯти худро шикаст ва аз вилаи худ Мар-а-Лаго дар иёлати Флорида бо хабарнигори Washington Examiner мусоҳиба кард.

Трамп дар ин мусоҳиба гуфт: «мо коре хоҳем кард, аммо ҳанӯз вақташ нест.»

Ба дунболи ҳамлаи ҳаводорони Трамп ба Кангресси Амрико, Маҷлиси намояндагони ин кишвар рӯзи 13 январ тарҳи истизоҳи раисиҷумҳури собиқро тасвиб кард.

Тавсиби маҳкумияти Трамп дар маҷлиси Сенати Амрико ниёзманди раъйи дусеюм сенаторҳо аст ва ин яъне илова бар тамоми сенаторҳои демокрот, дастикам 17 сенатори ҷумҳурихоҳ низ бояд ба маҳкумияти ӯ раъйи мусбат диҳанд.

Дар сӯрати маҳкум шудани Трамп дар ҷаласаи истизоҳ, вай ба ҷурми «шӯриш алайҳи ҳукумат» дигар ҳеч вақт нахоҳад тавонист мансаби давлатӣ дошта бошад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп