Январ 29, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
  • 52 мавориди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар Чин
    52 мавориди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар Чин

Мақомоти тандурустии Чин эълом карданд, дар 24 соати гузашта 52 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар ин кишвар шиносоӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, Комиссияи миллии беҳдошти Чин дар гузорише эълом кард, аз 52 мавориди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар ин кишвар 36 мавридимаҳаллӣ буд.

Тибқи иттилооти Комиссияи миллии беҳдошти Чин, аз декабри соли 2019, ки вируси корона дар Чин барои нахустин бор зуҳур ёфт то ба имрӯз 89 ҳазору 378 нафар дар ин кишвар ба Ковид - 19 мубтало шудаву чаҳор ҳазору 636 нафар низ ҷон бохтаанд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп