Феврал 18, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Орияни Таботабоӣ ба унвони мушовири баландпояи муовинати вазорати хориҷаи Амрико фаъолият хоҳад кард
    Орияни Таботабоӣ ба унвони мушовири баландпояи муовинати вазорати хориҷаи Амрико фаъолият хоҳад кард

Орияни Таботабоӣ, муҳаққиқи эронитабор дар ҳавзаи улӯми сиёсӣ бо интишори тветте эълом кард, ки ба сохтори вазорати хориҷаи Амрико пайвастааст.

   Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Орияни Таботабоӣ- муҳаққиқи андешакдаи амрикоӣ «Ринд» ва мудири гурӯҳ ва устоди мутолиъоти амниятии донишгоҳи Ҷорҷ Товни Амрико аст, ки дар вазорати хориҷаи ин кишвар ба унвони мушовири баландпояи муовинати контроли силоҳҳо ва амнияти байналмиллалии вазорати хориҷаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико фаъолият хоҳад кард .

Орияни Таботабоӣ дорандаи унвони илмии доктории тахассусӣ дар риштаи мутолиъоти ҷанг аз донишгоҳи «Кингз колеҷи Лондон» аст ва таҳқиқоту ӯ бештар дар бораи Ховари Миёна  хусусан Эрон, ҷанг ва тероризм будааст.

  Вай фарзанди Сайидҷаводи Таботабоӣ-устоди собиқи донишгоҳи Теҳрон ва пажӯҳишгари ҳавзаи фалсафа,торих ва сиёсат аст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп