Март 01, 2021 16:52 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп дар суханронӣ дар ҷамъи ҳаводоронаш ба шиддат аз Ҷо Байден интиқод кард
    Доналд Трамп дар суханронӣ дар ҷамъи ҳаводоронаш ба шиддат аз Ҷо Байден интиқод кард

Раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар аввалин суханронии худ пас аз тарки Кохи Сафед, як моҳи аввали раёсати ҷумҳурии Ҷо Байденро бадтарин оғози як раиси ҷумҳур дар таърихи муосири ин кишвар хонд.

Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар аввалин суханронии худ пас аз тарки Кохи Сафед дар нишасти ҳизби ҷумҳурихоҳ муддаӣ шуд: "Ҷо Байден дар арзи як моҳ «аввал Амрико» -ро ба «охир Амрико» табдил кардааст".

Трамп дар идомаи суханронии худ ҳушдор дод: Бо раёсати ҷумҳурии Байден ҳувияти амрикоиҳо ба хатар афтодааст ва акнун ӯ ва ҳаводоронаш дар миёнаи як муборизаи таърихӣ барои ояндаи Иёлоти Муттаҳида қарор доранд.

Раиси ҷумҳурии собиқи Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки ба дунболи ташкили як ҳизби ҷадид нест ва дар ҳизби ҷумҳурихоҳ боқӣ хоҳад монд.

Трамп ҳамчунин бо ишора ба интихоботи миёндавраи Конгресс дар соли 2022 пешбинӣ кард, ки ҷумҳурихоҳон дар ин интихобот пирӯз мешаванд.

Трамп ба таври зимнӣ ба ҳузури худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 ҳам ишора кард ва гуфт: «Мумкин аст тасмим бигирам онҳо (демократҳо) -ро сеюмин бор шикаст диҳам».

Ишораи Трамп ба шикаст додани демократҳо барои бори сеюм нишон медиҳад, ки ӯ шикаст хӯрдан аз Ҷо Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2020 -ро напазируфтааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп