Март 07, 2021 00:08 Asia/Dushanbe
  • Арманистон моҳҳо боз шоҳиди эътирозҳои мардум алайҳи идомаи фаъолияти Никол Пашинян аст
    Арманистон моҳҳо боз шоҳиди эътирозҳои мардум алайҳи идомаи фаъолияти Никол Пашинян аст

Ҳазорон мухолифи сарвазири Арманистон асри имрӯз дар наздикии сохтмони парлумони ин кишвар дар Ереван истеъфои Никол Пашинянро хостор шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар таҷаммӯъи имрӯз шанбе садҳо нафар нафақахӯрони низомӣ  дар ҳисмоят  аз раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи  Арманистон ки ӯро Никол Пашинян барканор кардааст, тазоҳурот карданд.

Мӯътаризон ҳамчунин қасд доштанд ба маҳалли иқомати Армен Саркисян раисҷумҳури Арманистон бираванд, ки дар фосилаи каме аз парлумон воқеъ шудааст. 

 Баъзе эътирозгарон инчунин барои нишастан хаймаҳо насб кардаанд.

Аз ҳудуди 10 рӯз пеш дар хиёбонҳои Ереван пойтахти Арманистони даргирӣ байни тарафдорону мухолифони Пашинян дар ҷараён аст, ки пас аз имзои қарордоди оташбас бо ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳи ноябр, мизони маҳбубияти вай ба тарзи чашмгирӣ коҳиш ёфтааст. 

 Мардуми Арманистони нахуствазири ин кишварро масъули шикасти Арманистон дар ҷанги 44 рӯза бо ҷумҳурии Озарбойҷон медонанд,  дар муқобил Пашинян муддаист, ки  ‌ӯ бо пазириши оташбас ҷилавии куштори 25 ҳазор низомии арманиро гирифтааст.

 Арманистони моҳҳост шоҳиди эътирозоти мардумӣ ба идомаи фаъолияти Никол Пашинян аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп