Март 07, 2021 13:37 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии мусбати мақоми баландпояи беҳдоштӣ дар Амрико аз ваксинаи русии Спутник v

Раиси муассисаи миллии аллергия ва бемориҳои уфунии Амрико ваксинаи русии Спутник v-ро мусбат арзёбӣ кард.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Энтони Фаучи-  раиси муассисаи миллии аллергия ва  бемориҳои уфунии Амрико рӯзи шанбе дар изҳори назаре дар бораи ваксинаи русии Спутник V гуфт, ки додаҳои ин ваксинаро баррасӣ карда ва Спутник V ба назари ӯ бисёр хуб будааст.

  Аввалҳои феврали 2020 маҷаллаи муътабари пизишкии Лонст таъйид кард, ки ваксинаи Спутник V  91.6 дарсад дар муқобили вируси корона муассир аст .

   Ҳаминак 45 кишвари ҷаҳон истифода аз ваксинаи русии Спутник V-ро таъйид кардаанд ва ин ваксина пас аз Астра Зенека, ки мавриди таъйиди 49 кишвари ҷаҳон қарор гирифтааст дувумин ваксинаи муътабари ҷаҳонӣ барои муқобила бо вируси Ковид 19 ба шумор меравад .

    Ахиран Денис Логинов - муовини маркази Гамалеи,ки тавлидкунандаи ваксинаи Спутники русӣ аст гуфтааст : " Мутолиъоти ахир нишон медиҳад, ки ваксинасияи муҷаддад бо ваксинаи Спутник V дар баробари ҷаҳишҳои ҷадиди вируси корона аз ҷумлаи гунаҳои англисӣ ва африқои ҷанубӣ бисёр хуб амал кардааст" .

 

    Бештар бихонед:

 

Барчасп