Март 08, 2021 16:13 Asia/Dushanbe
  • Ролан Кобия таъкид кардааст, ки Афғонистон конститутсия дорад ва Иёлоти Муттаҳида ҳаққи зургӯӣ ба  Ғаниро надорад
    Ролан Кобия таъкид кардааст, ки Афғонистон конститутсия дорад ва Иёлоти Муттаҳида ҳаққи зургӯӣ ба Ғаниро надорад

Намояндаи ғайринизомии иттиҳодияи Аврупо барои Афғонистон аз пешниҳодҳои зургӯёнаи Амрико ба давлати Ашраф Ғанӣ интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Ролан Кобия рӯзи душанбе ба номаи ҳушдордиҳандаи котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба раисҷумҳури Афғонистон дар саҳифаи Твиттери худ вокуниш нишон дод.

 

Кобия навишт: «Афғонистон қонуни асосӣ дорад ва Ашраф Ғанӣ аз тариқи интихобот ва бо раъйи мардум интихоб шудааст.»

Вай афзуд: «Афғонистон ҳимоятбахши бузурге аз ҷомеаи байналмилалӣ ва Созмони Милали Муттаҳидро дорад ва нишасти Женева ба муҳофизат аз дастовардҳо ва низоми ҷумҳурии Афғонистон мутааҳҳид шудааст.» 

Энтони Блинкен вазири умури хориҷаи Амрико дар номае тунду омирона ба раиси ҷумҳури Афғонистон, аз Ашраф Ғанӣ хостааст бо пешниҳоди Вашингтон, яъне тарҳи ташкили давлати муваққат дар Афғонистон мувофиқат кунад.

Ғанӣ борҳо таъкид кардааст то зинда аст намегузорад бори дигар давлати муваққат дар Афғонистон ташкил шавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп