Март 30, 2021 18:30 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Русия дар бораи эҳтимоли хориҷ нашудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон

Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” нисбат ба эҳтимоли хориҷ нашудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” изҳор дошт, ки Маскав нисбат ба паёмадҳои хориҷ нашудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то аввали моҳи май нигарон аст, зеро ҳанӯз мушаххас нест.

Кобулов бо ишора ба ҳушдорҳову вокунишҳое нисбат ба изҳороти аввалияи Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико афзуд, ин ҳушдорҳо дар бораи нақзи мустақими тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи Толибон будааст ва эҳтимолан паёмадҳои ҷиддӣ ба ҳамроҳ дорад.

Пештар Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар конфронси ахири худ иҷрои змонбандии суратгирифта барои хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон зайли тавофуқ бо гурӯҳи Толибонро коре душвор донист. Пештар Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико низ таъкид карда буд: Мо бо муттаҳидони худ дар НАТО вориди Афғонистон шудем ва бо ҳамоҳангӣ бо онҳо аз ин кишвар хориҷ мешавем.

Бар асоси тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи Толибон дар феврали соли 2020 дар Доҳаи Қатар, Амрико бояд нерӯҳои худро то аввали моҳи май аз Афғонистон хориҷ кунад.

Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо тероризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар юриш бардаанд, аммо аз он замон то кунун ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон рушди чашмгире доштааст.

Мардум ва мақомҳои Афғонистон борҳо хостори хуруҷи низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз кишварашон шуданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп