Апрел 03, 2021 12:40 Asia/Dushanbe
  • Ҷон Кирби: Мо барои амалиёти ҳавоӣ дар Сурия аз касе иҷозат намепурсем
    Ҷон Кирби: Мо барои амалиёти ҳавоӣ дар Сурия аз касе иҷозат намепурсем

Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико ба ҳамлаҳои ҳавоии Эътилофи байналмилалӣ дар Сурия гуфт: "Мо аз касе иҷозат нахоҳем гирифт. Вай таъкид кард, ки мо истифодаи нерӯҳоро дар ҷое иҷозат намедиҳем.

 Эъломи мавзеи сариҳи сухангӯи Пентагон дар бораи анҷоми амалиёти ҳавоӣ дар Сурия бидуни иҷозати давлати қонунии ин кишвар ва низ тадовуми истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар хоки Сурия нақзи ошкори ҳокимият ва тамомияти арзии як кишвари узви Созмони Милал Муттаҳид аст. Зимни ин ки таъкиди «Кирбӣ » бар ин масъала, ки Амрико барои эъмоли қудрати низомии худ аз ҳеч кас иҷозат намегирад, нишон медиҳад, ки Амрико худро қудрати бартар ва ғайрипосухгӯ дар арсаи ҷаҳонӣ медонад. 

Ҳарчанд бо рӯи кор омадани  раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико Ҷо Байден ва иддаои вай дар бораи иттихози сиёсатҳо ва рӯйкардҳои ҷадид ва маъкус кардани сиёсатҳои давлат Трамп дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ, интизор мерафт, ки таҳаввуле дар ин замина сурат гирад, бо ин ҳол шавоҳид нишон медиҳад, ки вай ҳамон сиёсати зурмадоронаи Трампро дар қиболи Сурия дунбол мекунад. 

Дар давраи раёсати ҷумҳурии Барак Абама Амрико сиёсати таҷовузи коронаи худ дар қиболи Сурияро аз соли 2011 бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар ва доман задан ба ҷанги дохилӣ бо ҳадафи сарнагунии давлати қонунии Башшор Асад ва тазъифи меҳвари муқовимат оғоз кард. Сипас раиси ҷумҳурии собиқи Амрико Доналд Трамп зимни ҳифзи ҳузури низомии ғайриқонунии Амрико дар Сурия ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ, амалан ба ишғоли бахшҳое аз хоки Сурия ва ғорати нафти ин кишвар пардохт. Раванди сирқати нафти Сурия аз ҷониби амрикоиҳо ҳамчунон идома дорад.

Акнун низ ҳукумати Байден беэътино ба усул ва мавозини байналмилалӣ монанди ҳаққи ҳокимият ва низ тамомияти арзии Сурия, ошкоро ва бо вақоҳати тамом аз забони сухангӯи Пентагрон эълом мекунад, ки Вашингтон бидуни муҷаввизи Шӯроии амнияти Созмони милал ва ё иҷозати давлати қонунии Сурия, ба анҷоми ҳамалоти ҳавоӣ дар ин кишвари ҷангзада идома хоҳад дод. Қабл аз ин. яъне дар авохири феврали 2021 низ Байден ба баҳонаи вокуниш дар баробари ҳамлаи ракетӣ ба пойгоҳи низомии Амрико дар Арбили Ироқ ва муқобила бо таҳдидот алайҳи нерӯҳои амрикоӣ, ҳамалоти ҳавоӣ ба пойгоҳҳои Ҳашду Шаъбӣ дар Бокмал дар марзи Ироқу Сурия анҷом дод . Ин ҳамла намоди бозгашти Амрико ба раванди ҷангҳои бепоёну ташдиди беэътиное ба мавозини байналмилалӣ буд. Байден бо дастури ин ҳамла нишон дод, ки қатъи назар аз ин ки кадом раисҷумҳур  дар Кохи Сафед бошад. аммо рӯйкард ва сиёсати ҷангафрӯзонаи Амрико, ҳамчунон собит ва бидуни тағйир аст. 

 Коршиноси ғарби Осиё Собир Анбарӣ мегӯяд: Сиёсати Ховари миёнаи Амрико бо омадани Байден қарор нест тағйир кунад ва таъкид бар дипломасӣ набояд ба маъноии чархише дар ин сиёсат қаламдод шавад. 
 

 Бо ин ҳол исрори Амрико бар тадовуми ҳузури низомӣ дар Сурия бо вокунишҳои мухолиф дар арсаи байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст. «Сергей Лавров» вазири хориҷаи Русия дар декабри 2020 эълом кард, ки амрикоиҳо ба сурати ғайриқонунӣ ба ҳузури низомии худ дар Сурия идома медиҳанд. Маскав мӯътақидаст, ки Вашингтон на фақат ба монеътарошӣ дар масири ҳалу фасли сиёсии буҳрони Сурия идома медиҳад, балки аз гурӯҳҳои террористӣ истифодаи абзорӣ карда ва онҳоро набард алайҳи давлати қонунӣ таҳрик мекунад. 

Ин дар ҳолест, ки ҳузури низомии Амрико дар Сурияи ва амалиёти низомии он бо тавваҷӯҳ ба мухолифатҳои мукаррари давлати қонуни ин кишвар иқдоми ғайриқонунии  ва бар хилофи мавозин ва қонуни байналмилалӣ ба вижа нақзи маншури Созмони милал ва нақзи ошкори ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Сурия аст.  

 

Бештар бихонед:

Барчасп