Апрел 07, 2021 10:42 Asia/Dushanbe
  • Пентагон мегӯяд, ки нерӯҳои ИМА дар ҳамла ба киштии Эрон даст надоранд
    Пентагон мегӯяд, ки нерӯҳои ИМА дар ҳамла ба киштии Эрон даст надоранд

Ройтерз аз қавли мақомоти амрикоӣ навиштааст, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳамла ба киштии Эрон дар Баҳри Сурх нақше надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии шабакаи Ал-Олам, сухангӯи вазорати дифои Амрико ( Пентагон ) дар вокуниш ба ҳодисаи киштии эронии Эрон  Савиз  дар Баҳри сурх муддаӣ шуд, ки итилоъе дар ин бора надорад. 

Вай бо радди ҳаргуна нақши низомиёни амрикоӣ дар ҳодисаи киштии Эрон Савиз дар Баҳри сурх таъкид кард, ки ҳеч як аз нерӯҳои Амрико дар ҳамла ба ин киштӣ нақше надоштаанд.

Баъзе манбаъҳо шаби сешанбе эълом доштанд, ки киштӣ бар асари таркиши минаҳои часпанда, ки ба пӯсти Эрон Савиз часпида буданд, осеб дидааст.

Ҳанӯз манобеи расмӣ дар ин замина изҳори назар накардаанд. 

Киштии Эрон Савиз тайи чанд соли ахир дар Баҳри Сурх мустақар буд, то аз фармондеҳони эронӣ, ки киштиҳои тиҷориро ҳамроҳӣ мекунанд, дастгирӣ кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп