Апрел 08, 2021 11:32 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Авфи Байналмилалӣ дар бораи бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Бритониё
    Гузориши Авфи Байналмилалӣ дар бораи бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Бритониё

Созмони Авфи Байналмилал дар гузорише эълом кард, авзои ҳуқуқи башар дар Британия ба суръат дар ҳоли бадтар шудан аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  мудири бахши Британиявии Созмони Афви Байналмилал Кит Аллен дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар гуфт, Британия солҳост, ки дар заминаи ҳуқуқи башар дар масири иштибоҳ ҳаракат мекунад ва ҳоло ин вазъият бо шитоби болое дар ҳоли бадтар шудан аст.

 

Афви Байналмилал дар ин гузориш заъфи мақомҳои Британя дар муқобила бо вируси корона, ҳамла ба эътирозоти мардумӣ, табъизи полиси ин кишвар алайҳи сиёҳпӯстон ва шаҳрвандони дорои тобеъияти Осиёӣ ва тадовуми фурӯши таслеҳот ба Арабистон хотирнишон кардааст. 

Ахиран " Доминик Роб ", вазири умури хориҷаи Британия ба мақомҳои ин кишвар гуфтааст, ин кишвар бояд ҳангоми тиҷорат бо сойири кишварҳо ба ҳуқуқи башар эътино накунад. 

Британия яке аз таъминкунандагон силоҳҳои Арабистон дар ҷанги эътилофи саъудии зидди Яман аст, ки аз замони оғози ин ҷанг муҷаввизи фурӯши миллиардҳо доллари таслеҳоти аъам аз ҷанганда  бомба ва мушак ба Арабистонро содир кардааст. 
  
  
  
  Бештар бихонед :

Барчасп