Апрел 08, 2021 21:34 Asia/Dushanbe
  • Абуиброҳим  Алқурайшӣ- ҷонишини Абӯбакр Бағдодӣ пештар дар зиндон барои Амрико хабарчинӣ мекарда аст
    Абуиброҳим Алқурайшӣ- ҷонишини Абӯбакр Бағдодӣ пештар дар зиндон барои Амрико хабарчинӣ мекарда аст

Вашингтон пост дар гузорише фош кард ҷонишини Абӯбакр Бағдодӣ пеш аз онкӣ ба саркардаи як гурӯҳи террористӣ табдил шавад, ҳамчун хабарчини Амрико дар зиндонҳои Ироқ фаъолият мекардааст .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи амрикоии Вашингтон пост дар пойгоҳи интерентӣ худ навишт : « Зиндонии ироқӣ ба шумораи M060108 - 01 як зиндонии намуна буда, ки бо амрикоиҳо ҳамкории хубе доштааст . »

    Ба гуфтаи мақомоти Амрико ин зиндонӣ ҳамон фарде аст, ки баъдҳо бо номи Абуиброҳим Алҳошимии  Алқурайшӣ ба саркардаи кунунии гурӯҳи ДИИШ табдил шуд .  Мақомоти Амрико ин ҳафта бо интишори даҳҳо гузориши расмии табақабандишуда дар бораи чандини моҳе, ки Абуиброҳим дар боздоштгоҳҳои Амрико дар Ироқ ба сар мебурд, панҷараи ҷадиде ба рӯйи нахустин рӯзҳои зиндагии ин саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ боз карданд .

  Вазорати дифои Амрико пеш аз ин ҳам чандини санад мунташир карда буд, ки нишон медод ин саркардаи ДИИШ  хабарчини Амрико будааст .

  Ин фарди ироқӣ, ки дар он замон як мақоми радаи миёнии 31 солаи гурӯҳи Давлати исломии Ироқ буд, гурӯҳе ки баъдан Давлати исломӣ хонда шуд, зоҳиран дар авохири 2007 ё авоили 2008 дастгир шуда буд .

 

 

Барчасп