Апрел 17, 2021 15:10 Asia/Dushanbe
  • Ню-Йорк Таймс чанд рӯз пеш ба нақл аз мақомҳои иттилоотии ғарбӣ аз харобкории режими саҳюнистӣ алайҳи таъсисоти ҳастаии Натанз парда бардошт.
    Ню-Йорк Таймс чанд рӯз пеш ба нақл аз мақомҳои иттилоотии ғарбӣ аз харобкории режими саҳюнистӣ алайҳи таъсисоти ҳастаии Натанз парда бардошт.

Расонаҳои саҳюнистӣ ҷумъа шаб гузориш доданд, ки давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ба Исроил ҳушдор додааст, то аз “беҳудагуии хиҷолатовар” дар бораи Эрон даст бардорад.

Канали 12 Исроил эълом кардааст, ки давлати Байден аз ин режим хостааст, ки аз “беҳудагуӣ” дар бораи харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии Эрон даст бардорад.

Паёми Амрико дар ин бора қотеъ буда ва аз тариқи чандин канал мунтақил шудааст.

Ин расона аз як вожаи ибрӣ истифода кард, ки маънии таҳоҷумӣ низ дорад.

Канали 12 ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ дар Қудс, ки номе аз онҳо барда нашуда гузориш додааст, ки иқдоми мақомҳои исроилӣ дар бораи нашти иттилооти марбут ба амалиёти  харобкорона дар бораи барномаи ҳастаии Эрон боиси тазъифи талошҳои Амрико барои бозгашт ба мизи музокира мешавад.

Ню-Йорк Таймс чанд рӯз пеш ба нақл аз мақомҳои иттилоотии ғарбӣ аз харобкории режими саҳюнистӣ алайҳи таъсисоти ҳастаии Натанз парда бардошт.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп