Апрел 18, 2021 17:34 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Раиси ҷумҳурии Амрико барои аввалин бор ба буҳрон дар марзи Амрико
    Эътирофи Раиси ҷумҳурии Амрико барои аввалин бор ба буҳрон дар марзи Амрико

Байден барои аввалин бор авзои марзи Амрикоро буҳронӣ хонд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раиси Ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден дирӯз дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба буҳрони паноҳҷуён дар марзи ин кишвар гуфт: «Мушкил ин ҷо буд, ки воҳиди марбут ба паноҳҷуён бар рӯи буҳроне кор мекард. ки бо ҳузури ҷавонон дар марз ба вуҷуд омада буд. Мо наметавонистем ба сурати ҳамзамон ду корро анҷом диҳем ва ҳамакнун қасд дорем теъдоди паноҳҷӯёнеро, ки пазириш мекунем афзоиш диҳем » . 
  
 Тибқи ин гузориш, изҳороти ҷадиди Раиси Ҷумҳурии Амрико дар шароите матраҳ шудааст, ки тасмими вай барои адами афзоиши сақфи пазириши солонаи паноҳҷуёни мӯҷиби бурӯзи хашми фаъолони бахши муҳоҷират шуд. 

Байден рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, бо имзои як фармони иҷроӣ эълом кард, ки сақфи пазириши 15 ҳазор паноҳҷӯро, ки қаблан дар замони раёсати ҷумҳурии « Доналд Трамп » таъин шуда буд, ҳамчунони ҳифз хоҳад кард ва тарҳи пазириши солона 62 ҳазору 500 паноҳҷӯро, ки пеш аз ин эълом карда буд, канор гузошт. 

Тасмими Байден барои афзоиш наёфтани сақфи пазириши солонаи паноҳҷӯён интиқодоти зиёдеро, аз ҷумла дар миёни Демократҳо ба ҳамроҳ дошт ва намояндаи демократи иёлоти Ню-Йорк  «Александрия Окасио Кортес,  ин тасмимро "комилан ғайри қобили қабул" ва бар хилофи ваъдаҳое хонд, ки мардум барои он ба вай раъй дода буданд. 
  
 
  Бештар бихонед :   

 

Барчасп