Апрел 20, 2021 08:55 Asia/Dushanbe
  • Песков: Ҳар маҳдудиятҳои нави ҳукумати ИМА алайҳи Русия бо вокуниши шадиди Маскав рӯбарӯ хоҳад шуд
    Песков: Ҳар маҳдудиятҳои нави ҳукумати ИМА алайҳи Русия бо вокуниши шадиди Маскав рӯбарӯ хоҳад шуд

Сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Русия аз ҳама гуна таҳримоти нави Амрико алайҳи Русия ҳушдор дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, сухангӯии раёсати ҷумҳурии Русия "Дмитрий Песков" дар нишасти хабарӣ дар кохи Кремл  таъкид кард ҳар таҳрим ё маҳдудияти ҷадиде, ки давлати Амрико бар Русия эъмол кунад, бо вокуниши мутақобили Маскав  мувоҷеҳ хоҳад шуд. 

Песков дар бораи танишҳои ахири байни Русия ва Ҷумҳурии Чехия низ изофа кард: Ихроҷи дипломатҳои рус аз сӯи  Прага, рафтори  таҳрикомез ва ғайридӯстона аст. 

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия " Мария Захарова"   ҳам рӯзи душанбе гуфт: Пушти иқдомоти ахири Ҷумҳурии Чехияи алайҳи Русия, аз ҷумла  ихроҷи дипломатҳои рус аз Прага, Амрико қарор дорад.

Вазорати умури хориҷаи Русия  рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард: Ин кишвар дар посух ба ихроҷи 18 дипломати худ аз Ҷумҳурии Чехия, 20 дипломати сафорати ин кишвар дар Маскавро ихроҷ кард. 


Ҷумҳурии Чехия  рӯзи шанбе ба 18 дипломати рус дастур дод то дар муддати 18 соат ин кишварро тарк кунад. 

Прага иддао дорад, ки ин дипломатҳо унсурҳои хадамоти махсуси Русия мебошанд.  
  
  
  Бештар бихонед:

  

Барчасп