Май 10, 2021 18:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури низомии Русия ва нуфузи Чин нақшаи Иёлоти Муттаҳида барои истиқрор дар Осиёи Марказӣ душвортар мекунад
    Ҳузури низомии Русия ва нуфузи Чин нақшаи Иёлоти Муттаҳида барои истиқрор дар Осиёи Марказӣ душвортар мекунад

Дар пайи ташдиди танишҳо миёни Вашингтон ва Маскав, бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар садад аст нерӯҳоеро, ки аз Афғонистон хориҷ мекунад бори дигар дар кишварҳои ҳамҷавор бо Русия мустақар кунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии «Спутник , Иёлоти Муттаҳида, ки аз аввали май хуруҷ аз Афғонистонро оғоз кардааст тарҷеҳ медиҳад низомиён ва таҷҳизоти низомии худро дар Узбекистон ва Тоҷикистон, ки аз самти шимол бо Афғонистон  ҳаммарз ҳастанд мустақар кунад. 

Бо ин ҳол ҳузури низомии Русия дар минтақа ва афзоиши нуфузи Чин, тарҳҳои Амрико барои истиқрор дар Осиёи марказиро печида хоҳад кард. 

Танишҳо миёни Маскав ва Вашингтон дар моҳҳои ахир дар хусуси масоили мухталифе, аз ҷумлаи иттиҳомзании Иёлоти Муттаҳида ба Русия дар бораи мудохила дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва ҳамчунин даст  доштан дар ҳамалоти сойберии ахир ташдид шуда ва Русияи борҳо  ин иттиҳомотро беасос хондааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп