Май 10, 2021 19:56 Asia/Dushanbe
  • Мендкович: Амрико  барои интиқоли нерӯҳояш аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳеч иқболе  надорад
    Мендкович: Амрико барои интиқоли нерӯҳояш аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳеч иқболе надорад

Мудири маркази таҳлилии Авруосиё дар Маскав иддаои нашрияи амрикоии Волл Стритт Журналро дар бораи тамюли Амрико барои интиқоли низомиёни худ аз Афғонистон ба Тоҷикистонро ғайривоқеӣ арзёбӣ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии Риа новости,  Никита  Мендкович гуфтааст, ки ҳеч заминаи фароҳаме барои интиқоли низомиёни Амрико аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад. 
 

Вай мегӯяд: Албатта Амрико тамоюл зиёде дорад, ки барои таҳдиди Эрон, Русия ва Чин дар наздикии марзҳои Афғонистон  пойгоҳи низомӣ дошта бошад, аммо Тоҷикистон  узви Созмони Паймони Амният Ҷамъӣ буда ва дар ин кишвар пойгоҳи 201 артиши Русияи мустақар аст ки ба дифо аз Тоҷикистон дар баробари ҳар навъи таъаррузи хориҷӣ ва ба вижа  гурӯҳҳои террористӣ таъаҳҳуд дорад.   

Мудири маркази таҳлилии Авруосиё дар Маскав бо ишора ба таъкиди раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар дидори ахири худ дар Маскав бар ин мавзӯ изофа кард: Узбекистон низ дар солҳои ахири равобити амниятӣ ва низомиаш бо Русияро тақвият кардааст ва Тошканд  иҷозаи истиқрори низомиёни амрикоӣ дар қаламрави худро нахоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Узбекистони  иддаои  нашрияи амрикоии Вол Стритт журнолро дар бораи тамоюли Амрико барои интиқоли низомиёни худ аз Афғонистон ба ин кишвар ба шиддат рад кард. 

Дар баёнияи ин вазоратхона таъкид шудааст, ки қонуни асосӣ ва докторини низомии Узбекистон иҷозаи истиқрори пойгоҳҳои низомии хориҷиро дар қаламрави ин кишвар намедиҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп