Май 11, 2021 21:38 Asia/Dushanbe

Дар пайи тирандозии маргбори ду навҷавони 14 ва 17 сола ба донишомӯзон ва муаллимони як мактаб дар шаҳри Қазони Русия, 11 нафар кушта ва 32 тан захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, дар пайи ин ҳодисаи хунбор Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар паёме зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи қурбониён, дастур дод кумакҳои пизишкӣ, имдодӣ, равоншиносӣ ва молӣ барои бозмондагон ирсол шавад.

Дмитрий  Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия гуфт: «вазирони беҳдошт, омӯзиш, мавқеъиятҳои изтирорӣ ва намояндагони давлат ба ҳамроҳи ҳавопаймои имдодӣ озими Қазон шудаанд».

Созмони амнияти федероли Русия дар як соли ахир чанд донишомӯз ё фарди ҷавонро, ки қасди тирандозӣ ва ҳамла ба мактабҳоро доштанд пеш аз ҳар гӯна иқдоме боздошт карда буд.

 

Барчасп