Октябр 13, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • Чанд кушта бар асари суқути ҳавопаймо дар Калифорния

Суқути як ҳавопаймои хурд дар як минтақаи маскунӣ дар Сан - Дяго дар иёлати Калифорнияи Амрико чанд кушта барҷой гузошт.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Фокс нюс”, як оташнишон дар як конфронси хабарӣ эълом кард, ки дастикам ду тан дар ин ҳодиса ҷон бохтанд, аммо бар асоси эъломи идораи оташнишонӣ теъдоди куштаҳо эҳтимолан бештар аст.

Мақомҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки ду нафари дигар бар асари сӯхтагӣ ба бемористон мунтақил шуданд. Идораи оташнишонӣ афзуд, ки ҷароҳоти афроди дохили ҳавопаймо ба гунае аст, ки эҳтимолан зинда намемонанд.

Ин суқут дуруст дар соати 2 зуҳр ба вақти маҳаллӣ дар наздикии як дабиристон иттифоқ афтод. Мақомоти маҳаллӣ баён карданд, ки чандин хона ва дастикам як мошин ба коми оташ рафтанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп