Ноябр 24, 2021 13:48 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти такондиҳандаи як пизишк дар бораи қалби Марадона

Пизишк ва рӯзноманигори Аргентина ҷузъиёти маҳрамонае аз собиқаи Армандо Марадона, ситораи ин кишвар як сол пас аз маргаш фош кард.

Ба гузориши Скай Нюз, Нелсон Костру, пизишк ва рӯзноманигори аргентинӣ ҷузъиёти маҳрамонае аз собиқаи Диего Армандо Марадона, ситораи ин кишвар як сол пас аз маргаш фош кард, ки ҳовии ҳақоиқ ва итилооти пизишкии такондиҳандае дар бораи вазъияти ин устураи ҷаҳонии футбол аст.

Костру ба тозагӣ китобе ба унвони "Саломати Марадона" як достони воқеӣ дар бораи ин ситораи футболи ҷаҳон мунташир кардааст.

Вай дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар бораи дуздидани қалби Марадона пас аз маргаш, ки дар китоби худ ба он ишора кард, гуфт: Ҳаводорони ифротие буданд, ки мехостанд қалби Марадонаро аз даруни қабр берун биёранд, аммо ин итифоқ науфтод.

Пизишкон қалби ӯро аз баданаш хориҷ карданд, зеро барои баррасии шароити маргаш бисёр муҳим буд. Ин пизишк, ки итилооти маҳрамонае аз собиқаи пизишкии Марадонаро ба даст овард ва ба шоҳидон гӯш додааст, ки ҳануз суҳбат накарданд, афзуд: Марадона беқалб дафн шудааст.

Ӯ гуфт: Дар ҳоле, ки дар ҳолати одӣ вазни қалби инсон 300 грам аст вазни қалби Марадона ним килограм буд, қалби ӯ дар ҳақиқат бузург буд ва далели он ҳам норасоӣ буд, илова бар ин ӯ як футболист буд.

 

Барчасп