Январ 12, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Органҳои давлатии Қазоқистон қодир ба контроли авзоъ ҳастанд.
    Маскав: Органҳои давлатии Қазоқистон қодир ба контроли авзоъ ҳастанд.

Владимир Путин раис ҷумҳурии Русия дар нишасти фавқулодаи раисони ҷумҳури Созмони паймони амнияти ҷамъӣ,ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд ,гуфт: Бархе гурӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои сӯйи истифода аз увзои Қазоқистон талош карданд. Аммо ҳаргиз иҷоза намедиҳем увзои дохилии кишварҳои узви ин паймони мунтазелзила ва сенорияи инқилобҳои ранги муҳақақ шавад.

Путин бо ишора бо ин ,ки руйдодҳои Қазоқистон нахустин ва охирин талош барои мудохила аз хориҷ нест, афзуд: Неруҳои омузиш дидаи террорист бо ӣҳадафи эъҷоди ошуб дар Қазоқистон иқдомоти худро шурӯъ карда ва амнияти дохилии ин кишварро таҳти таъсир қарор дод.

Суханони ҳушдор омези Путин бо таваҷҷуҳ бо таҳавулоти хушунатомези Қазоқистон, яке аз азои муҳими Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, иброз шудааст.

Дар рӯзҳои оғози ин соли ҷадид, ҳамзамон бо айзоиши қимати сӯхт дар Қазоқистон , эътироз дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар оғоз ва дар идома ба иғтишошоти хиёбонӣ ва шӯриши густарда табдил шуд. Як рӯз пас аз вахим шудани увзоъ ва нотавонии нерӯи амниятӣ ва артиши Қазоқистон барои контроли амнияти ин кишвар,"Қосим Жомарт Тоқаев" раис ҷумҳурии Қирғизистон расман аз Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дархости кумак кард.

Дар идома ва пас аз тасмими ҷамъии шӯрои ин Созмон ,нерӯҳои ҳофизи сулҳи кишварҳои узв аз ҷумла Русия, Арманистон, Қирғизистон ,Тоҷикистон ва Беларусия вориди амал шуда ва оромиши нисбиро ба ин кишвар боз гардонанд.

Русия ба унвони муҳимтарин кишвари узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ эътирозот ва нооромиҳои ахири Қазоқистонро талоши созмон ёфта аз хориҷ барои ихтилоли субот ва амниятӣ ин кишвар донистааст. Маскав борҳо дар бораи талоши ғарб барои эҷоди ноороми дар кишварҳои ҳавзаи ҳамсуд ,ки аз он таҳти унвони инқилобҳои рангин ёд мешавад, ҳушдор додааст.

Мақомоти аршади сиёси ва низомии Русия бар ин бовар ҳастанд, .ки талош барои содироти демократӣ ва инқилобҳои рангин яке аз муҳимтарин далоили бесуботи дар ҳавзаи хориҷи наздики ин кишвар аст. Путин раис ҷумҳурии Русия низ нигарони барандози аз тариқи эҷод ва ташвиқи эътирозоти иҷтимоъи ва сиёсӣ дар ҳавзаи кишварҳои ҳамсуд аст.

Фаъолиятҳои ғарб ба вижа Амрико дар ростои роҳандозии инқилобҳои рангин дар кишварҳое,ки қаблан ҷузви Шӯравӣ маҳсуб мешуданд,Ҳамвора муҷиби интиқод ӣва эътирози Русия қарор гирифта аст. Аммо дар мавриди Қазоқистон ин эътирозот аз шиваи бадани фаротар рафта ва ҷанбаи хушунатомез ва дар воқеъ як шуриши мусалаҳонаи доманадорро ба худ гирфтааст

Мақомоти Русия мутақиданд,ки Амрико дар пушти сари ҳаводиси Қазоқистон қарор дорад.

"Анатолия Антонов " сафири Русия дар Вашингтон рӯзи душанбе дар баёнияи элом кард, нооромиҳои густарда дар Қазоқистон ҳамзамон бо густариши тамоюлот ифродгароёна дар минтақа пас аз хуруҷи неруҳои низомии Амрико аз Афғонистон рух додааст.

Антонов мегуяд: " Увзоъ дар Қирғизистон пас аз он ,ки Амрикоиҳо бо шитобзадагӣ аз Афғонистон фарор карданд,ру ба бесуботи гузошта ва тамоюлоти афроти дар иин кишвар ва дар кул минтақаи Осиёи маркази густариш пайдо кард."

Маскав дар айни ҳол дар посух ба тавсияҳои бархе мақомоти ғарбӣ ба вижа "Энтони  Блинкен "вазири хориҷаи Амрико дар бораи музокира бо муътаризон дар Қазоқистон ,бо ишора ба ин,ки ин афрод террористанд ва на мардуми одди ,ибрози итминон кард, органҳои давлатии Қазоқистон қодир ба контроли увзо ҳастанд.

Ба назар мерасад бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳи Русия дар бораи нақши кишварҳо ва авомили хориҷи дар вуқуъи нооромиҳо ва шӯриши густарда дар Қазоқистон. Маскав хоҳони бархурди қотеъ бо шӯришиёни мусалаҳ ва ҷилавгирӣ аз густариши бесуботи дар бузургтарин кишварҳои Осиёи марказӣ дар чорчӯби муқобила бо инқилобҳои рангин дар ҳавзаи кишварҳои ҳамсуд аст.

Ин мавзӯъи Русия аз ҷониби Чин низ мавриди ҳимоят қарор гирфтааст. Дар ин росто," Сергей Лавров" вазири хориҷаи Русия ва" Ван И" ( Wang Yi )вазири хориҷаи Чин рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефони ҳимояти қотеъи худро аз талошҳои давлати Қазоқистон барои барқарории назми мубтани бар қонуни асосӣ дар ин кишвар элом карданд.

Бештар бихонед:

Барчасп