Январ 14, 2022 17:55 Asia/Dushanbe
  • Фавти 153 нафари дигар бар асари корона дар Туркия

Вазорати беҳдошти Туркия эълом кард, 153 нафари дигар аз мубталоён ба корона дар ин кишвар фавт карданд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии рӯзномаи «Ҷумҳурият», чопи Туркия, бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Туркия дар 24 соати гузашта 75 ҳазору 564 нафар ба корона мубтало шудаанд ва беҳбудёфтагон низ ба 51 ҳазору 675 нафар расидаанд.

Шумори мубталоён ба вируси корона дар Туркия ба 10 миллиону 271 ҳазору 240 нафар афзоиш ёфтааст. Шумори қурбониёни вируси корона (Ковид -19) дар Туркия ҳам ба 84 ҳазору 278 нафар расид.

Бар асоси омори Вазорати беҳдошти Туркия 138 миллиону 326 ҳазору 318 дози воксани корона дар ин кишвар тазриқ шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп