Январ 15, 2022 14:26 Asia/Dushanbe
  • Дархости шиаёни Ҳироти Афғонистон аз Толибон

Шӯрои уламои шаҳраки Ал Маҳдии Ҷабраили Ҳирот, хостори таваҷҷӯҳи давлати Толибон ба мутолиботи ҷомеъаи шиаи Афғонистон шуд.

Ҳуҷҷатиулислом валмуслимин Муҳаррами Ҳусайни Азимӣ, узви Шӯрои уламои Ҳирот зимни таъкид бар зарурати ба расмият шинохта шудани мазҳаби шиа дар Афғонистон гуфт, шиаён 25 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд, аз ин рӯ, ҳукӯмати Толибон мебоист хостаҳои ин ҷомеаро дар назар бигирад.

Ин рӯҳонӣ бо ишора ба баёнияи Шӯрои уламои шиаи Афғонистон, таваҷҷуҳ ба усӯли мазҳаби шиа дар маҳоким ва истифода аз назари нухбагони шиа дар тасмимгириҳоро низ аз дигар аз хостаҳои шиаёни ин кишвар баршумурд.

Азимӣ дар идома хостори кумакрасонии одилона ба мардум ва таъмини амният тавассути давлати Толибон шуд.

Толибон токунӯн ба мутолиботи Шӯрои уламои шиаи Афғонистон посух надодааст.

 

Барчасп