Январ 15, 2022 15:51 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Амрико аз Ироқ мехоҳад аз барқарории равобит бо Эрон худдорӣ кунад

Вазири хориҷаи Русия гуфт, Амрико барои табдили Сурия ва Ироқ ба арсаи ҷанг алайҳи Эрон талош мекунад.

Сергей Лавров рӯзи ҷумъа ва дар конфронси солиёнаи хабарӣ дар Маскав ва ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ афзуд, Амрико чӣ замоне аз Ироқ хориҷ хоҳад шуд? на танҳо Ироқ аз Амрико дархости кумак накард, балки бо вуҷуди инки аъзои порлумони Ироқ гуфтанд, дигар ба неруҳои амрикоӣ ниёзе надоранд, ин нерӯҳо Ироқро тарк накардаанд.

Лавров дар бораи мудохилаи Амрико дар равобити Ироқ бо дигар кишварҳо хотирнишон кард, вақте, ки Вашингтон бар лузӯми парҳез аз хариди силоҳ аз Русия ва барқарории ҳар навъ робита бо Эрон ё бо ҳар кишвари дигаре таъкид мекунад, ин ба манзалаи нақзи ҳаққи раъй аст.

Ин мақоми рус ибрози умедворӣ кард, интихоботи Ироқ ба субот дар Ироқ ва ҳамчунин дар минтақа мунҷар шавад.

Вай дар бораи таҳаввулоти Сурия низ гуфт, бидуни тардид Амрико дар бораи сарнавишти Сурия тасмимгирӣ нахоҳад кард. Амрико ҳам монанди дигар кишварҳои ҷаҳон, бар пайбандӣ ба тамомияти арзии ҷумҳурии арабии Сурия таъкид мекунад, ҳарчанд дар воқеъ гароишҳои ҷудоиталабона дар шарқи руди Фуротро тақвият мекунад.

Давлати Сурия борҳо бо ирсоли нома ба дабири кули Созмони Милали Муттаҳид ва раиси Шӯрои амният аз онҳо хостааст ба ҷиноятҳои эътилофи амрикоӣ дар Сурия поён диҳанд.

Эътилофи ба истилоҳи зидди ДИИШ дар даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама, раисиҷумҳури пешини Амрико бо ҳадафи иддаои мубориза бо террористҳои мустақар дар Ироқу Сурия шакл гирифт ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузоришҳои расмӣ, Амрико ва шаркони ғарбӣ ва арабии ин кишвар аз эҷодкунандагон ва ҳомиёни аслии молӣ ва таслеҳотии гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ башумор мераванд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп