Ноябр 04, 2021 13:43 Asia/Dushanbe

Имрӯз сездаҳуми обон (4 ноябри 2021) Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Дар 13 обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ, чаҳоруми ноябри 1979) донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои Амрико алайҳи инқилоби исломии Эрон лонаи ҷосӯсӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.

13 обон, ёдовари се руйдоди муҳим дар се давраи ҳассос аз таърихи инқилоби исломии Эрон аст.

Ин се руйдоди муҳим, солрӯзи табъиди ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ба Туркия (13 обони соли 1343 ҳиҷрии шамсӣ- чаҳоруми ноябри 1964), куштори донишомӯзон тавассути режими паҳлавӣ (13 обони 1357 чаҳоруми ноябри 1978) ва ҳаракати инқилобии тасхири лонаи ҷосӯсии Амрико дар Теҳрон тавассути донишҷӯёни пайрави хати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эронро шомил мешавад.

"Лонаи нуфӯз" вижабарномае аст, ки ба ҳамин муносибат дар родиои тоҷикии Садои Хуросон таҳия  шудааст.