Январ 25, 2020 10:20 Asia/Dushanbe

Қисмати 880 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 77-81

77

 

فَاصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ اللَّـهِ حَقٌّ  فَإِمَّا نُرِیَنَّکَ بَعْضَ الَّذِی نَعِدُهُمْ أَوْ نَتَوَفَّیَنَّکَ فَإِلَیْنَا یُرْجَعُونَ                                            

 

 

Пас "Эй Паёмбар! Бар озори инон" сабр кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст, пас агар бахше аз ончиро, ки ба онон ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем ё туро "Пеш аз он" аз дунё бибарем, "Тафовуте надорад дар ҳар сурат" ба сӯйи мо бозгардонда мешаванд, "Ва кайфарашонро хоҳанд дид"

 

Ин оят, расули Худо (с) ва пайравони он ҳазратро ба сабр ва пойдорӣ дар баробари озор ва азияти мухолифон даъват карда ва мефармояд: инкори мухолифон ё санг андозӣ ва монеътарошии онон боис нашавад, ки дар роҳи худ дучори заъф ва сустӣ шавед, балки баракс, ҳар чӣ мухолифати забонӣ ва амалии онон бештар мешавад, бояд истиқомат ва пойдории шумо дар роҳи ҳақ афзоиш ёбад, то битавонед ба мурури замон бар онҳо пирӯз шавед.

Тибқи ваъдаи Худованд, мункирони ҳақ дар ҳамин дунё низ уқубатҳоеро мечашанд, аммо набояд интизор доштабошем, ки ин кайфарҳои илоҳӣ ҳатман дар замони ҳаёти мо рух диҳад. Ваъдаи Худо ҳақ аст ва бетардид, ончӣ Ӯ ваъда дода, муҳақиқ хоҳад шуд, чӣ мо бошем ва чӣ набошем, дар ҳар сурат, кайфари комил марбут ба қиёмат аст, ки дар онҷо ҳамаи инсонҳо ҳозиранд ва шоҳид ва нозири кайфар ва подоши якдигар хоҳанд буд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Инсон дар баробари мушкилоте, ки ба хотири пойбандӣ ба дин бо онҳо мувоҷеҳ мешавад, бояд аз худ сабр ва пойдорӣ нишон диҳад. Ин яке аз лавозими диндорӣ аст ва набояд ба хотири нигаронӣ аз бархе сахтиҳо ва номулоимот, аз дин ва таолими ҳаётбахши он даст бардошт.

 

2 – Таъхир дар кайфари муҷримон, бар асоси ҳикмати илоҳӣ аст ва набояд дар таҳқиқи ваъдаҳои Худованд дучори шак ва тардид шавем.

 

78

 

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلًا مِّن قَبْلِکَ مِنْهُم مَّن قَصَصْنَا عَلَیْکَ وَمِنْهُم مَّن لَّمْ نَقْصُصْ عَلَیْکَ  وَمَا کَانَ لِرَسُولٍ أَن یَأْتِیَ بِآیَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّـهِ  فَإِذَا جَاءَ أَمْرُ اللَّـهِ قُضِیَ بِالْحَقِّ وَخَسِرَ هُنَالِکَ الْمُبْطِلُونَ

 

Қатъан пеш аз ту паёмбароне фиристодем, саргузашти гуруҳе аз ононро барои ту бозгӯ кардем ва саргузашти бархе "Дигар" – ро барои ту баён накардаем, ҳеч паёмбареро насазад, ки муъҷизае биёварад, магар ба фармони Худо, пас ҳангоме, ки фармони Худованд "Барои муҷзоти кофирон" бирасад, ба ҳақ доварӣ хоҳад шуд ва онҷост, ки аҳли ботил зиён хоҳанд кард.

 

Дар идомаи ояти қабл, паёмбаронро ба сабр ва пойдорӣ даъват мекард, ин оят барои тасаллии хотири Паёмбар (с), хитоб ба он ҳазрат мефармояд: пеш аз ту низ паёмбарони бисёре омаданд, ки онҳо низ гирифтори чунин мушкилоте буданд, бо ин ҳол, бар роҳи ҳақ истиқомат варзиданд, албатта мушкилоти бархе аз онҳоро барои ту баён кардаем, гарчӣ бисёре аз онҳоро низ баён накардаем, муқобила ва ситези ботил бо ҳақ, дар тули таърих вуҷуд доштааст ва ихтисос ба замони ту надорад.

Ҳамвора гурӯҳе аз афроди мутакаббир ва мағрур дар баробари ҳарфи ҳақ меистанд ва ҳозир ба пазириши он нестанд, чӣ басо онҳо ба ҳамин миқдор низ иктифо накарда, ба мубориза бо ҳақҷуйи рӯй меоваранд ва бо озор ва табъид ва куштани онҳо, дар садади решакан кардани ҳақ ҳастанд.

Онҳо дар воқеъ афроди лаҷуҷ ва баҳонагир ҳастанд ва ҳар рӯз мавзӯйи ҷадидеро матраҳ мекунанд, чунонки дар замони паёмбарони пешин низ аз онҳо тақозои муъҷизоти ҷадид доштаанд ва мехостанд паёмбарон ба дилхоҳи онон муъҷизотеро биёваранд.

Дар ҳоле, ки муъҷиза дар ихтиёри Худост ва ба дасти паёмбарон нест, онҳо монанди соҳирон ва ҷодугарон нестанд, ки барасари тамрин ва мумористи зиёд, метавонанд сеҳр ва ҷоду анҷом диҳанд, балки онҳо фақат ба изн ва қудрати илоӣ метавонанд муъҷиза биёваранд.

Ба ибораи дигар, муъҷиза барои ҳидояти мардум, равшан кардани афкор ва исботи ҳақонияти паёмбар аст, на он,ки ҳар рӯз, афрод аз паёмбар тақозои муъҷизае кунанд ва ӯ мулазам бошад, ки ба дархости онҳо посухи мусбат диҳад.

Поёни оят бар ин нукта таъкид дорад, ки ин афроди лаҷуҷ ва ботилгаро, дар қиёмат ва додгоҳи илоҳӣ бар асоси ҳақ муҳокима мешаванд. Дар он рӯз роҳҳои бозгашт масдуд мешавад ва нолаҳо ва фарёдҳои золимон ба ҷойе намерасад, дар он замон, аҳли ботил зиён мекунанд ва ба равшанӣ дар миёбанд, ки аз ҳама ҷиҳат хасрон зада ва зиёнкоранд, онҳо мутаваҷеҳ мешаванд, ки тамоми сармояҳои арзишманди худро аз каф дода ва матоеро ба даст наёвардаанд, балки гирифтори хашм ва ғазаби илоҳӣ шудаанд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Мутолиаи таърихи ақвоми гузашта ва саргузашти паёмбарони пешин, аз тавсияҳои Қуръон аст то дар роҳи ҳақ устувор бошем ва ба хотири мавонеъ ва мушкилот, суст ва ноумед нашавем.

 

2 – Муъҷизоти паёмбарон барасоси иродаи Худованд аст, на бар асоси тавақуот ва хостаҳои мардум.

 

3 – Хасороти воқеӣ дар қиёмат аст, на дар дунё, дунёпарастон гумон накунанд, ки сарват ва қудрати фаровони онҳо, нишонаи мувафақият ва некбахтии онҳост, зеро дунё хеле зудгузар аст ва дар ҷаҳони боқӣ, дасти муфсидон ва ботиландешон холи аст.

 

79

 

اللَّـهُ الَّذِی جَعَلَ لَکُمُ الْأَنْعَامَ لِتَرْکَبُوا مِنْهَا وَمِنْهَا تَأْکُلُونَ         

 

Худованд аст, ки барои шумо ҷаҳорпоёнро падид овард то бар баъзе аз онҳо савор шавед ва аз "Гушти" бархе аз онҳо бихуред.

 

80

وَلَکُمْ فِیهَا مَنَافِعُ وَلِتَبْلُغُوا عَلَیْهَا حَاجَةً فِی صُدُورِکُمْ وَعَلَیْهَا وَعَلَى الْفُلْکِ تُحْمَلُونَ                                           

 

Ва барои шумо дар онҳо манофее аст то бо "Савор шудан бар" онҳо ба ҳоҷате, ки дар дилҳоятон доред, бирасед ва бар онҳо ва бар киштиҳо ҳамл мешавед.

 

81

 

 وَیُرِیکُمْ آیَاتِهِ فَأَیَّ آیَاتِ اللَّـهِ تُنکِرُونَ                          

 

Ва Худованд "Пайваста"оятҳои хешро ба шумо менамоёнад, пас кадом як аз оятҳои Худоро инкор мекунед?

 

Ин сура ба таври муратаб неъматҳои Худо бар инсонро мешумурад ва ӯро аз куфр ва ширк ба тавҳид ва яктопарастӣ даъват мекунад, ин оятҳо ба неъмати ҳайвонот ва баҳраҳое, ки инсон аз онҳо мебарад, ишора дорад, мефамояд: Худованд бархе ҳайвонотро барои истифодаи шумо инсонҳо офаридааст ва ин дар воқеъ ҳамон иҷозаи Худованд барои забҳи ҳайвоноте чун гов ва гусфанд ва шутур барои истифода аз гушти онҳоост, вагарна инсон муҷоз набуд ҷони ҳайвоноти бегунҳро бигирад.

Илова бар тағзия аз гушти ҳайвонот, бархе аз онҳо монанди шутур, маркаби инсон дар биёбонҳои хушк ва сузонанда, ҷолиб он,ки имрӯза бо ин ҳамаи васоили нақлияи ҷадиди ҳавоӣ ва заминӣ, ҳанузам чаҳорпойён беҳтарин васила барои убур аз баъзе навоҳии қумзор ва биёбонӣ ё бархе гузаргоҳҳои борик ва саъбулубури куҳистонӣ ҳастанд.

Баҳар ҳол, баҳрагири аз онҳо дар савор шудан ё ҳамли коло, ки ношӣ аз ром будани ин навъ аз ҳайвонот барои инсон аст, нишонаи дигаре аз лутфи Худо ба башар аст, неъмате, ки барои ҳамли бор дар хушкӣ, ҳамонанди ҳамли бор дар дарё ва бо истифода аз куштӣ барои инсон судманд ва муфид аст.

Ин чаҳорпоён фавоиди дигаре низ барои инсон доранд, масалан шир, пашм ва сойири аҷзои онҳо барои инсон қобили истифода аст, аз дигар фавоиди онҳо, истифода барои мақосиди шахсӣ монанди тафриҳ ва гардиш ва мусобиқа аст, ин ҳайвонот василаи сафар дар хушкӣ ҳастанд, вале дар ҳамин оятҳо ба савор шудан ба кишти ҳам ишора шудааст, яъне Худованд дар саҳро ва дарё, василаи сафар ва ҳамл ва нақли колоҳоро дар ихтиёри шумо инсонҳо қарор додааст то ба суҳулат битавонед ба мақосиди худ бирасед.

Дар поёни ин оятҳо омадааст, ки Худо ояташро ҳамвора ба шумо нишон медиҳад ва дар ҳарҷо бингаред, осори Ӯ ошкор ва намоён аст, бо ин,ки оятҳо ва нишонаҳои Ӯ барои ҳамагон равшан аст, чаро гуруҳе роҳи инкорро дар пеш мегиранд? Воқеият ин аст, ки башар қадрдони неъматҳои илоҳӣ нест ва ба ангезаҳои мухталиф дар садади инкори оятҳои Худо бармеояд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Замин ва ҳамаи офаридаҳояш барои инсон офарида шуда ва Худованд иҷозаи тасарруф ва баҳрагирии дуруст аз онҳоро ба инсон додааст.

 

2 – Бо ин,ки қудрати бадании чаҳорпойён аз инсон бештар аст, аммо Худованд онҳоро барои инсон ром карда ва ин аз алтофи Худованд ба башар аст.

 

3 – Носипосӣ, вижагии умуми инсонҳост, онҳо аз неъматҳои Худованд баҳра мебаранд, аммо соҳиби неъматҳоро инкор мекунанд ва ҳозир ба итоат аз амини Ӯ нестанд.

 

 

 

Назарҳо